Қарзи Тоҷикистон аз Чин зиёда аз як миллиард долларро дар бар мегирад. Дар ин бора 2-юми феврал вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин зимни нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

“Тоҷикистон аз Чин зиёда аз 1 млрд доллар карз дорад. Аз руйи давлатҳо карзи зиёд надорем, ҳамкории мо асосан аз ташкилоти молиявии чаҳонӣ аст”, – гуфт вазир.

Инчунин, ба гуфтаи ӯ Тоҷикистон дар маҷмӯъ соли 2021 ду саду сиву ду млн доллар қарзи берунаро пардохт кардааст. Аз ин 157,2 млн долларашро қарзи асосӣ ва 74,8 млн долларашро фоизи қарзи мазкур ташкил менамояд.

“Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 2,3 млрд сомонӣ ва грантӣ 2,8 млрд сомонӣ, маҷмуан маблағи 5,1 млрд сомонӣ азхуд карда шудааст, ки ба 103,7 фоизи нақша баробар мебошад”, – қайд кард Қаҳҳорзода.

Шаҳзода Ашуралиева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь