Дороии раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон танҳо як асп ва як мошин будааст. Нишонзода Даврон, раиси ноҳияи Дӯстӣ, дар нишасти хабарии худ гуфт, ки дороиаш танҳо як мошин ва як асп аст.
“Ҳоло хонаи шахсӣ надорам ва дар манзили истиқоматии падарам умр ба сар бурда, нақша дорам, ки барои худ хона созам”, – афзуд ӯ.
Дар идома гуфт, ки дороии аз ҳама беҳтаринаш падару модар, фарзандҳояш ва тинҷиву оромии кишвари азизаш – Тоҷикистон аст.
Нишонзода Даврон, то таъйин шудан ба мансаби раиси ноҳияи Дӯстӣ, дар вазифаҳои раиси ноҳияи Носири Хусрав ва муовини раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон кор кардааст.
Блоки рекламавӣ