Ин ҷунбиш дар баёнияе гуфтааст, ки Синвор ба ҷои Исмоил Ҳания, ки ҳафтаи гузашта дар як ҳамлаи эҳтимолии Исроил дар Эрон кушта шуд, раиси нави дафтари сиёсӣ таъйин шудааст.

Нозирон интихоби Синвор, раҳбари ин созмон дар навори Ғазза ва яке аз муассисони ҷиноҳи низомии Ҳамосро пирӯзии сахтгирони наздик ба Эрон маънидод мекунанд ва онро “як иқдоми ҷасорат” унвон мекунанд.

Синвор пас аз таҳияи ҳамлаи рӯзи 7-уми октябр дар ҷануби Исроил аст, ки дар он ҷангҷӯён 1200 нафарро кушта ва ҳудуди 250 нафарро гаравгон гирифтанд, дар садри феҳрасти касоне, ки аз тарафи Исроил бояд нобуд карда шаванд, қарор дорад.

Ҳафтаи гузашта Исроил кушта шудани Муҳаммад Дейф, раиси ҷиноҳи низомии Ҳамосро дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии моҳи июл дар Ғазза таъйид кард. Худи ҷунбиши исломӣ марги ӯро таъйид накардааст.

Маълум аст, ки бар хилофи Ҳания, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳиҷрат дар Қатар зиндагӣ мекард, Синвор дар Ғазза мемонад. Раҳбари Ҳамос аз соли 2017 дар ин минтақа аст ва ӯ хеле кам дар назди мардум зоҳир мешуд, аммо қудраташро бо чанголи оҳанин нигоҳ дошт.. Синвар пас аз ҳамлаҳои 7-уми октябр дар паноҳгоҳи зеризаминӣ қарор дошт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь