Сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Иброҳимзода Сарахон аз вазифа барканор шуда ба ҷойи ӯ Диловар Валиев таъйин карда шуд.
Бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин, Иброҳимзода Сарахон Ҷангихон сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ аз вазифа озод шуда ба ҷойи ӯ Валиев Диловар Азизулоевич ба вазифаи сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ таъйин карда шуд.
Диловар Валиев то таъин шуданаш ба ин вазифа роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии нохияи Восеъро ба ӯҳда дошт.
Блоки рекламавӣ