Дар ноҳияи Ёвон соли 2018-ум 41 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият карда, ба маблағи 1 миллиарду 345,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбати соли 2017-ум 23, 4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Раиси ноҳияи мазкур Амрбеки Темур гуфт, ки корхонаҳои саноатии ноҳия соли 2018 ба миқдори 2 миллиону 272 ҳазору 773 тонна семент, 20 тонна намаки ошӣ, 300 тонна оҳаки сохтмонӣ, 22 ҳазору 556 тонна нон ва дигар намуд маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ҳуддуи ноҳия 9 корхонаву коргоҳ бунёд карда шудаст, ки дар онҳо 136 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Зикр карда шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия 341 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо 67 адад сохта  ба истифода дода шудааст. Гуфта шуд, ки аз иншооте, ки сохта мешаванд, чанде корхонаву коргоҳи саноатӣ мебошанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь