Миёнгини шаш назарсанҷии мухталиф нишон медиҳад, дар рақобатҳои интихоботи 2024 дар Амрико, Камола Ҳаррис, номзади демократҳо аз Доналд Трамп, президенти пешини Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон пеш рафтааст.

Ба гузориши Ирна, нашрияи Ниюзвик дар ҷамъбандии назарсанҷиҳо то рӯзи шанбеи ҳатфаи гузашта дар Амрико навишт, дар ҳамаи шаш назарсанҷӣ Камола Ҳаррис, номзади демократҳо пештоз будааст. Назарсанҷии “Real Clearpolitics“ бо камтарини ҳошияи хато (0,5) дар байни шаш назарсанҷӣ нишон дод, Ҳаррис бо касби 47, 6 дарсади оро аз Трамп бо 47.1 дарсади оро пештозтар аст.

Назарсанҷии “Ню-Йорк Таймс“ низ нишон дод, бо дар назар гирифтани зариби хатои якдарсадии Ҳаррис 48 дарсади ороро дар муқобили Трамп бо 47 дарсади оро касб кардааст. Назарсанҷии торнамоӣ, рақобат барои дастёбӣ ба Кохи Сафед, низ нишон дод, Ҳаррис бо ихтилофи 1,6 дарсадӣ (48,3 дарсад дар баробари 46,7 дарсад) рақиби пештози интихобот дар муқобил Трамп аст .

Аммо танҳо назарсанҷии торнамои Ҳил, бо ихтилофи танҳо ду даҳуми дарсад, Трампро номзади пештоз дар баробари Ҳарис (47,4 дар муқобили 47,2 дарсад) муаррифӣ мекунад.

Интихоботи президентии Амрико рӯзи сешанбеи панҷуми ноябри соли 2024 баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь