Дар Филаделфиёи ИМА даври аввали мубоҳисаи ду номзад ба мақоми президентӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва ва ҳизби демократ Камола Ҳаррис баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ рақибон ҳамдигарро таҳқир карданд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи Ҳаррис ёддоштҳо (мем) нашр карданд, зеро вай ҳангоми баҳс ба саволҳои мушаххас посух намедод, балки дар бораи ҳама чиз ва ҳар чиз суҳбат мекард. Трамп 15 бор аз президенти Русия Владимир Путин ёдовар шудааст.

Тибқи як назарсанҷии CNN дар Амрико, дар баҳси номзадҳои президентӣ Доналд Трамп ва Камола Ҳаррис, Ҳизби демократ пирӯз шудааст. 63% пурсидашудагон чунин мешуморанд. Дар ҳамин ҳол, 37% амрикоиҳо бар ин боваранд, ки рақиби Ҳаррис Доналд Трамп пирӯз шудааст.

Сухангӯи маъракаи интихоботӣ Ҷен О’Маллӣ Диллон дарҳол пас аз мубоҳиса дар Пенсилвания ба хабарнигорон гуфт, “ноиби президент Ҳаррис ба мубоҳисаи дуюми худ бо Доналд Трамп омода аст”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь