Дар ноҳияи Балҷувон барои 480 хонанда дар ду баст бинои илавагии мактаби рақами 24 бо ишироки сарвазири кишвар, раиси вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон ба истифода дода шуд.
Дар доираи сафари корӣ сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Самари ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро ба истифода доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии муассисаи таълимӣ иборат аз 2 ошёна, 10 синфхонаи таълимӣ барои 240 хонанда дар 2 баст, бо маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Бинои мазкур дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон аст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзиши касбу ҳунар ба хонандагон синфхонаи муҷаҳҳази технологияи меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Қоҳир Расулзода бо ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимӣ суҳбат карда, дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои беҳтар ва хубтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассиса таъкид кард.