Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон, омӯзгорон ва масъулони соҳа машварати августӣ баргузор шуд.

Дар машварат раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар дастовардҳои соҳаи маорифи вилоят сухан карда, барои рушди ин соҳа ва вазифаҳои минбаъда ба масъулони соҳа дастуру супориш дод.

Зимни нишаст, масъалаҳои марбут ба беҳбуд бахшидани сатҳи таълим, такмили шароити корӣ барои омӯзгорон ва татбиқи стратегияҳои нав барои соли таҳсили оянда мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки рушди маориф аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа мебошад ва дастгирии ҳамаҷониба барои таъмини сифати баланди таълим муҳим аст.

Дар фарҷоми машварати чанде аз омӯзгорон ва хонандагоне, ки муассисаҳои таълимиро бо аттестати аъло хатм намудаанд аз ҷониби раиси вилоят бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь