Дар вилояти Хатлон ҳоло ҳафт муасисаи таълимӣ ва филали онҳо дар хонаҳои шахсӣ, вагон ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилояти Хатлон Баҳриддин Ҳалимов иттилоъ дод, ки дар аввали соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 муассисаи таълимӣ дар хона, вагон ва садамавӣ буданд.
– То охири соли 2020-ум 15 адади он аз хона, вагон бароварда шуда, ҳоло 7 адади дигар боқӣ мондаст, – илова кард ӯ.
Гуфта шуд ин гуна мактабу филалҳое, ки дар вагон, хона ва ҷойҳои ҷаъиятӣ қарор доранд, дар ноҳияи Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг, Панҷ ва Кӯшониён мебошанд.
– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳо ва Раёсати морифи вилоят талош доранд, ки то охири соли 2021 пурра мактабҳоро аз вагон, хонаҳои шахсӣ ва аз ҳолати садамавӣ бароранд, – зикр кард номбурда.