Дар вилояти Хатлон аз 6 ҳазору 260 иншооти ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар 3 ҳазору 90 иншоот ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Раис гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои  ҷашни истиқлол 685 иншоот, аз ҷумла, таъмиру сохтмони 50 иншоот дар соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ барои қабули 140 нафар дар як баст, 15 иншооти фарҳангӣ, 6 бинои истиқоматии баландошёна, 22 иншооти варзишӣ бунёд шудааст.

Қайд гардид, ки  дар  ин давра 55 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 2 иншооти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хатти оби нӯшокӣ, сохтмони 126 км роҳҳо ва 30 пули автомобилгард, 171 иншооти хизматрасонӣ ва 176 дигар биною иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.  Баъди ба истифода додани иншооти мазкур 29,3 ҳазор сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Хабар дода шуд, ки барои зиёд кардани шумораи иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар умум 739 иншоот иловатан ба нақшаи чорабиниҳо ворид карда шуда, корҳо дар ин самт ба тадриҷ амалӣ мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь