Ба ин муносибат дар кохи фарҳанги ноҳияи Сӯх ҷамъомади густардае баргузор шуд. Дар ин ҷамъомад бо даъвати гурӯҳи эҷодии “Садои Сӯх” раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Обидов, Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ёдгор Саъдиев ва Ёқуб Аҳмедов,  ҳамчунин қаламкашони ноҳия, рӯзноманигорони собиқадор, вакилони ташкилоту созмонҳо, донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ ва амсоли он ширкат карданд.

Ин чорабинии фарҳангиро ҷонишини ҳокими вилоят Ҷамшед Ҳотамов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Вай ҳайати эҷодии рӯзнома, тамоми мардуми Сӯхро бо 70-умин солгарди ин нашрия шодбош гуфт.

– “Садои Сӯх” дар давраи мушкилзои пандемия низ аз мавҷудияти худ ҳамеша дарак дода меояд, ки боиси дастгириву хурсандиҳост. Нашрия мазкур ба ҳайси минбари баланди тарғиби сиёсати давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамчунин ҳифзи забон ва фарҳанг, суннатҳои миллии мардуми ноҳия хидмати босазо анҷом медиҳад. Дар ин росто ба ҳайати эҷодии “Садои Сӯх” бурдбориҳои бештарро таманно мекунам, – афзуд Ҷамшед Ҳотамов.

– Ба наздикӣ як семинари густардаро дар осоишгоҳи “Чимён” баргузор кардем. Дар он сармуҳаррир ва кормандони рӯзномаи “Садои Сӯх” фаъолона ширкат карданд. Доир ба ҳусну қубҳи ин нашрия иштирокчиёни семинар фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд. Умедворем, ки минбаъд низ “Садои Сӯх” бо маводи хонданиву дилчаспи худ ба дили муштариёни зиёд роҳ меёбад ва адади нашри  он чун солҳои пешин меафзояд, – гуфт Муҳаммадҷон Обидов.

– Ба ноҳияи Сӯх омадани мо ба рӯзе рост омад, ки 70-солагии нашрияи ҳокимияти он “Садои Сӯх” таҷлил мегардад. Шояд рост омадани замони ташрифи мо ба назди шумо як маънову мундариҷаи рамзӣ низ дорад. Аз варақзании ин рӯзнома дарёфтем, ки он саропо ба забони тоҷикӣ нашр мешавад ва дар саҳифаҳои он ҷанбаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия мунтазам баррасӣ мешавад. Дар анҷоми ин вазифаи пурмасъулият ба аҳли эҷодии “Садои Сӯх” комёбиҳои беназир орзу мекунам, – гуфт Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соҳиби ҷоизаи давлатии ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ  Ёдгор Саъдиев.

– Ҳар маводи чопӣ як пораи таърих мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як маводе, ки рӯзномаи шумо чоп мекунад, барои наслҳои ояндаамон як пораи таърих маҳсуб мешавад. Рӯзноманигорӣ кори саҳлу сода нест ва масъулияти онро низ ҳар як соҳибқалам эҳсос хоҳад кард. Дар бораи мо хеле зиёд менависанд ва ҳунару санъати моро тарғиб мекунанд. Дар ин ҷода саҳми нашрияҳо хеле назаррас мебошанд. Ташрифи мо ба ноҳияи Сӯх ва ширкатамон дар ин ҷамъомади тантанавӣ ҳатман дар саҳифаҳои “Садои Сӯх” акси худро хоҳанд ёфт, – изҳор кард Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди шӯравӣ, соҳиби Мукофоти давлатии собиқ шӯравӣ Ёқуб Аҳмедов.

Дар ҷамъомади тантанавӣ сармуҳаррири рӯзнома Содиқи Тоҳириён, ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев меҳмононро ба ин сарзамини қадимиву мардумаш фозилу донишманд хайрамақдам гуфтанд. Онҳо ибрози хушҳолӣ намуданд, ки ахиран ин санаи муҳим хеле хубу гуворо баргузор шуд. Омадани чунин меҳмонони соҳибэҳтиром ва ширкати онҳо дар ин ҷамъомади тантанавӣ ба ҳусну шукӯҳи он ҳусну шукӯҳи тоза бахшид.

– Мо тасмим гирифтаем, ки шароити кории ҳайати эҷодии рӯзномаи “Садои Сӯх”-ро беҳбуд бахшем. Ба наздикӣ онҳо соҳиби бинои васеъ ва замонавӣ хоҳанд шуд. Боиси ифтихор аст, ки нашрияи “Садои Сӯх” тӯли ин муддати дароз ба дили муштариёни зиёд роҳ ёфтааст ва оид ба навгониҳои ноҳия хабару мақолаҳои ҷолиб нашр мекунад. Ҳамзамон дар саҳифаҳои ин рӯзнома қаламиҳои эҷодкорони сӯхӣ мунтазам ба табъ  мерасанд,-гуфт Сайидбаҳром Сайид мӯсоев.

Дар қисмати хотимавӣ як гурӯҳ кормандони рӯзнома, мухбирони ҷамоатӣ, собиқадорон ва муштариёни фаъоли “Садои Сӯх” бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, вилояти Фарғона

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь