Дар рӯзи омӯзгорон аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ ба 30 нафар омӯзгори ҷавон сертификати замини наздиҳавлигӣ дода шуд.

Аз Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ ба ифтихори Иди касбии омӯзгорон бо иштироки раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он ба 30 нафар омӯзгор дар асоси имтиёз ба омӯзгорони ҷавон сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шуд.

Дар чорабинии мазкур собиқ мудирони шуъбаи маорифи ноҳия, собиқадорони соҳаи маориф ва як қатор омӯзгорони фаъоли ноҳия бо ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси ноҳия, ифтихорномаи муштараки раёсати маориф ва Иттифоқи касабаи маорифи вилоят, инчунин тӯҳфаҳои хотиравии раиси ноҳия ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷолибтарин ва фаромӯшнопазиртарин лаҳза ин тақдими шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ ба 30 нафар омӯзгор  мебошад, ки беҳтарин тӯҳфа ба омӯзгорони ноҳияи Дӯстӣ буд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмасаидзода иттилоъ дод, ба 30 нафар омӯзгор шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин барои 0,12 г тақдим карда шудааст. Маҳз омӯзгороне ба инобат гирифта шуданд, ки воқеан ба замин эҳтиёҷманд мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь