Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 4-уми май аз як қатор иншооте, ки барои табобати сокинон сохта мешаванд, дидан кард.
Ба иттилои дастгоҳи МИҲД шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ, нахуст аз корҳои сохтмонии бинои нотамоми ҳаштошиёна, ки дар масоҳати 10 ҳазору 355 метри мураббаъ бунёд мешавад, дидан кард. Ӯ ба сохтмончиён супориш дод, ки дар муддати 1 моҳ сохтмони биноро ба анҷом расонанд, то дар он мубталоёни коронавирус бистарӣ карда шаванд.
Дар идома, раиси шаҳр ба корҳои анҷомёфтаи беморхонаи дигаре дар шаҳри Душанбе шинос шуда, ба масъулин супориш дод, ки баъди се рӯз, қабули гирифторони коронавирусро шурӯъ кунанд.
Қаблан, роҳбаряти шаҳри Душанбе тасмим гирифта буд, ки дар ҳудуди пойтахт барои бистарисозии мубталоёни коронавирус беморхонае иборат аз 3 ҳазор кат бунёд мекунад.