Марҷона Назароваи 31-соларо бародаршавҳараш бо 90 дарсад ҷароҳати сӯхтаи бадан, нимаи дуюми рӯзи 30-юми июн, ба Маркази шаҳрии клиникии рақами 3 овардааст. Табибон ба «Фараж» гуфтанд, тамоми чораҳоро андешиданд, вале беморро наҷот дода натавонистанд. Марҷона Назарова, пас аз як ҳафта, 6-уми июл, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шавҳари Марҷона Назарова, Саидбилол Раззоқов, 2 моҳ қабл бо қарз ба Русия, ба муҳоҷират рафта будааст. Ҳарчанд ӯро аз фоҷеа хабардор кардаанд, вале бо сабаби бепулӣ ба ҷанозаи ҳамсараш омада натавонистааст.
Мустафо Раззоқов, бародаршавҳари марҳум Назарова дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, янгааш худсӯзӣ кардааст, чун бемории руҳӣ доштааст. Мустафо мегӯяд, шоҳиди зиндаи ин ҳодиса будааст. Барои аз чанги оташ раҳонидани янгааш хеле кӯшиш кардааст, аммо бенатиҷа.
– Марҷона Назарова зани бародарам буд. Онҳо соли 2010 издивоҷ карда буданд. Пас аз шаш соли бефарзандӣ 2 сол пеш соҳиби духтарча шуданд. Янгаам гоҳ-гоҳ сахт асабонӣ мешуд ва ҷангу ҷанҷол мебардошт. Ӯро ором карда наметавонистем. Як маротибаи дигар ду сол қабл ҳам кӯшиш ба дарё партофтани худро карда буд, вале роҳгузарон ӯро аз ин амалаш боз дошта буданд. Ҳодисаи худсӯзии янгаам рӯзи якшанбе рух дод. Ӯ бехудӣ хеле асабонӣ буд. Мегуфт худашро оташ мезанад. Барои ин бензин омода карда будааст. Худашро дар ҳаммом маҳкам кард. Ҳарчанд аз пушти дар ба ӯ гуфтам, ки фикри худатро накунӣ, фикри кӯдакатро кун, гӯш накард. Бензинро ба танаш рехта, худро оташ сар дод. Дар ҳоле, ки ӯ дар оташ месӯхту доду вой мекард, ман дари ҳаммомро шикаста, ӯро ба берун баровардам ва ба болояш кӯрпа партофта, оташро хомӯш кардам, – гуфт Мустафо Раззоқов.
Иддаои бемори рӯҳӣ будани Марҷона Назарова дар ҳолест, ки Мустафо Раззоқов мегӯяд, ӯ дар қайди бемористони рӯҳӣ набуд, вале табобат мегирифт. Гоҳ созу гоҳ бехуд мешудааст.
– Вақте ки беморияш авҷ мегирифт, ӯ нороҳат мешуд, девонагӣ мекард, ҷанг мекард. Фақат дар забонаш калимаи худкӯшӣ буд. Аз хона баромада мерафт. Мегуфт, ки худамро ба дарё мепартоям, – гуфт М. Раззоқов.
Гуфтаҳои Раззоқов дар ҳолест, ки бародари марҳум Талабшоҳ Назаров дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, хоҳараш ягон маротиба аз беморияш ба ӯ шикоят накардааст: «Ӯ бемории рӯҳӣ надошт».
– Ман дар Русия будам. Аз ҳодиса хабардор шуда омадам. Дар бемористон бо ӯ суҳбат кардам. Ба ман ягон чиз нагуфт, шикоят накард. Ҳамин тавр, баъд аз се рӯзи дигар ҷон дод. Сеюним сол қабл бародари шавҳараш ба ман занг зада, дар куҷо будани хоҳарамро пурсид. Ман пурсидам, ки чӣ гап шудааст. Ӯ гуфт, ки янгааш касеро напурсида, аз хона баромада рафтааст. Дар куҷо буданашро намедонанд, – гуфт бародари Марҷона.
Сардори маркази матбуоти ВКД Умарҷони Эмомалӣ қазияро ҳодисаи нохуш унвон карда, гуфт, санҷиши маводҳо дар Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мавриди таҳқиқ қарор доранд: «Ҳолат бештар ба худсӯзӣ шабоҳат дорад. Зимни санҷиш агар ҳолати зӯроварӣ, ки ба марги инсон оварда мерасонад, ошкор гардад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ҳоҳад шуд».
Ҳодисаро пайгирӣ хоҳем кард