25 омӯзгори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (ДТМИК) ва Донишгоҳи давлатии Данғара (ДДД) тӯли ду ҳафта тарроҳӣ ва дӯхти костюм ва юбкаи занонаро омӯхтанд.
Ин тренингҳо барои тренерон (ToT) дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ гардид. Давраҳои омӯзишӣ дар Марказҳои омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Данғара дар Данғара дар ҳамкории наздик бо ин муассисаҳои таълимӣ баргузор гардиданд. Ин марказҳо соли гузашта дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи GTEX таъсис ва муҷаҳҳаз гардонида шуда буданд.
Ин давраи омӯзишӣ қолабсозиву таҳияи либос ва дӯхти онро дар амал фаро гирифт. Иштирокчиёни он қолабсозӣ ва дӯхтҳои гуногуни либосро мувофиқ бо тарроҳии мӯди замонавӣ омӯхтанд ва тарроҳиву дӯхти гуногуни костюм ва юбкаи занонаро таҷриба карданд.
Тренери ин давра Манучеҳр Шарифов мегӯяд: “Донишҳоеро, ки иштирокчиёни ин давраи омӯзишӣ аз бар карданд, ба онҳо имкон медиҳанд, то раванди қолабсозиву либосдӯзиро замонавӣ карда, дар истеҳсоли инфиродӣ ва умумӣ истифода баранд”.
Ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ донишҳои лозимаи андозагирӣ ва мувофиқсозии андозаи либосҳо таълим дода шуд.
Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Ин давраи омӯзишӣ ба иштирокчиёнаш имконияти нодиреро барои сайқал додани маҳорату дониши тарроҳӣ ва либосдӯзи фароҳам овард, ки онҳо баъдан ин донишҳоро ба шогирдону ҳамкорон ва дигар ашхоси ҳавасманд интиқол хоҳанд дод. Интизор меравад, хатмкардагони ин барнома дар марказҳои омӯзишӣ- таълимӣ оид ба дӯзандагӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор намоянд”.
Миёни хатмкардагони давраҳои омӯзишӣ маводи методологӣ, аз ҷумла дафтари махсуси корӣ барои таҳия ва технологияи дӯхти костюм ва юбкаи занона барои истифодаи касбӣ тақсим гардид.
Онҳое, ки давраҳои омӯзиширо бомуваффақ хатм карданд, соҳиби гувоҳнома гардиданд.