Муштзани соҳибноми тоҷик Давлат Болтаев (-92 кг) дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Бозиҳои олимпии Париж -2024 муқобили Ҷек Марлӣ аз Ирланд бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 4-уми август Болтаев бо Лазизбек Муллоҷонови 25-солаи ӯзбек қувваозмоӣ мекунад. Новобаста, аз натиҷаи марҳилаи нимниҳоӣ Давлат Болтаев медали Бозиҳои олимпиро дорад.

Давлат Болтаев дар рақобати аввалини худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024, бо қарори ҷудои доварон (3:2) нахустин пирӯзашро соҳиб шуда буд.

Муштзани тоҷик дар муқобили Георгий Кушиташвилӣ аз Гурҷистон пирӯз шуд ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь