6-уми август дар шаҳри Душанбе яке аз бунёдгузорони мақомоти гумруки Тоҷикистон, собиқадори мақомоти амният, генерал-майор Худойқул Ҳамроқулов дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт. Ба гуфти наздиконаш Ҳамроқулов вақтҳои охир бемор буд.

Худойқул Ҳамроқулович 25 марти соли 1947 дар деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи факултаи физика ва математикаи донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) мебошад.

Баъди хатми ин донишкада аз соли 1966 то соли 1967 дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ғарм (ҳозира Рашт) ҳамчун омӯзгор фаъолият намуда, хидмати аскариро дар ҳавзаи Закарпатия ба ҷо овардааст.

Ҳамчун афсари Кумитаи бехатарии давлатии (КБД) назди Шурои Вазирони ҶСШ Тоҷикистон, корманди ваколатдори РКБД-и вилояти вақти Кӯлоб дар ноҳияи Ленинград (Муъминобод), ёрдамчии сардор, муовини сардори РКБД дар вилояти Кӯлоб, муовини сардори РКБД дар вилояти вақти Қӯрғонтеппа, ёрдамчии сардори РКБД дар вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии гумруки ҷумҳурӣ, муовини вазири амнияти ҷумҳурӣ, мудири шуъба оид ба таъминоти асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудаст.

Вақтҳои охир роҳбари ҶММ «Ориент Адвентур» буд. Боғи бунёднамудааш аз сабзавоту меваҳои гуногун бой буда, дар ҷумҳурӣ ҳамто надорад.

Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12, мушовири давлатии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дараҷаи 3 (генерал-майори Хадамоти гумрук), генерал-майори амният, номзади илмҳои иқтисод Худойқул Ҳамроқулов бо ордени Спитамен, медалу ифтихорномаҳо ва мукофотҳои давлативу соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь