Алловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муалллиф ва таҳиягари барномаи телевизонии “Шухиҳои Алловуддин” 17-уми феврал, дар синни 57-солагӣ, бар асараи сактаи қалб аз дунё даргузашт. Дар ин бора наздиконаш дар шабакаи иҷтимоии фейсбук хабар доданд.

Маросими видоъ имрӯз дар шаҳри Бохтар сурат мегирад.

Ӯ соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба дунё омада, бо шухиҳояш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта буд.

Абдуллоев соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ намуд, ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор кард, чандин сол роҳбарии ин театрро ба дӯш дошт. Абдуллоев се соли ахири умр раҳбарии Сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.

«Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» аз зумраи намоишномаҳоанд, ки номбурда нақши марказӣ бозидааст.

Дар филмҳои «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон офаридааст.

Дар бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон иштирок намудааст.

Барномаи махсуси телевизионии «Шӯхиҳои Аловуддин», ки қаҳрамонҳои шӯҳиҳояш аз рӯзгори атрофиён гирифта мешаванд ва аксар муаллиф худаш ҳасту якбора чанд нақшро меофарад, писанди умум гардидааст.

Аловуддин Абдуллоев сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги бармаҳали ҳунарпешаи нотакрор Алловуддин Абдуллозода сахт андӯҳгин буда, ба хешовандон ва пайвандони шодравон изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь