Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар барои нахуст барои таҷриба 300 дарахти сафедор мешинонанд.
Директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар Сайфулло Иззатзода иттилоъ дод, ки аз ноҳияи Файзобод 300 ниҳоли сафеддор оварда шуда, ҳоло дар заминҳои назди идора парвариш шуда истодаанд.
-Дар мавсими имсола барои таҷриби онҳо дар кучаҳои шаҳр шинонида шуда, агар ба иқлими Бохтар тобовар бошанд, боз 15 ҳазор дона сафедори дигар оварда хоҳад шуд, – гуфт ӯ.
Қайд гардид, ки ин тасим ба хотири сабзу хурам гардонидани кучаҳои шаҳри Бохтар аст.
Блоки рекламавӣ