Дар ноҳияи баландкуҳи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон барф борида, аз омадани зимистон дарак дод.
Сокинони ин ноҳия бо гузоштани чанд акс дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, аз боридани барф дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабар доданд.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон буда, дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Блоки рекламавӣ