Дар Тоҷикистон беш аз 70 фисади омӯзгоронро занон ташкил медиҳанд, ки 22 фисади онҳо ба ҳайси роҳбар дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Дар ин бора вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саидов зимни нишасти муатбуотӣ иброздошт. 

“Аз 122 ҳазору 270 нафар омӯзгоре, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, 70 фисадашро занҳо ташкил медиҳанд”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи вазир, 22 фисади занон ба ҳайси роҳбар дар муассисаҳои таълимӣ кору фаъолият мекунанд, вале дар мактабҳои олӣ занони роҳбар кам ба назар мерасанд.

Ҳамзамон, вазир қайд кард, ки дар минтақаҳои дурдаст, ки хурофот баланд аст, теъдоди омӯзгорони зан кам ва мард зиёд ба назар мерасад.

“Дар мактабҳои шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо теъдоди занҳо то 90 фисад рост меоянд. Аммо дар деҳоти дурдаст дар қисмате, ки хурофот баланд аст, теъдоди занҳо камтар ва мардҳо зиёдтар аст. Мо болои ин кор карда истодаем, соҳаи маориф соҳае ҳаст, ки мо манфиатдорем, занҳо зиёд бошанд. Чунки агар модари донишманд зиёд шавад, фарзанди донишманд низ зиёд шуда, миллат низ донишманд мешавад”, – афзуд ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь