Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо иштироки Музафар Ашуриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва Носир Суризода, раиси ноҳияи Хуросон дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунгоҳҳои саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бунгоҳи саломатии дар деҳаи ба номи Файзалӣ Ғаниеви ҷамоати деҳоти Қизилқалъа иборат аз 5 ҳуҷра аз ҷумла ҳуҷраи қабул, ҳуҷраи беморон, ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи занона ва ҳуҷраи мудири бунгоҳ мебошад. Ин бунгоҳ барои 1714 аҳолии деҳаи номбурда хизмат хоҳад кард. Ҳамчунин ҳуҷраҳо бо таҳҷизоти зарурии ташхисӣ таъмин шудааст.

Музафар Ашуриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди шиносшавӣ аз ҳуҷраҳои бунгоҳ изҳор дошт, ки дар арафи ҷашни 33-солагии Истиқлоли кишвар барои аҳолии ин деҳа туҳфаи арзишмандаст.

Ҳамчунин як бунгоҳи саломатии барҳаво дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Деҳаи номбурда, ки аз ҳисоби муҳоҷирони дохилию экологӣ таъсис ёфтааст, солҳои зиёд барои дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ ба деҳаҳои ҳамсоя ё ба маркази ноҳия мерафтанд. Ин бунгоҳи саломатӣ дуошёна буда аз 4 чор ҳуҷра иборат мебошад. Барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба сокинони деҳаи бо ҳама таҳҷизотҳои зарурии замонавӣ таҳҷизонида шудааст.

Музафар Ашуриён ҳайати кормандон ва сокинони ҳарду деҳа даъват кард, ки дар тозаю озода нигоҳ доштани бунгоҳҳои саломатӣ саҳмгузор бошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь