Дар ноҳияи Дӯстӣ 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад ва иҷрои он маблағи 6,9 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар инбора Нишонзода Даврон, раиси ноҳияи мазкур, дар нишастӣ хабарӣ иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амалигардонии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори чумҳурӣ ва бо мусоидати роҳбарони ташкилоту муассисаҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Гуфта шуд, ки  аз 84 лоиҳаи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2021-2025”, ки 245 миллиону 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад, иҷроиши Барнома ба холати 1-уми июли соли 2024-ум ҳамагӣ 27 лоиҳа ба маблағи 205,54 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин нишондод аз ҳисоби азхудкунӣ 83,72 дарсадро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь