Давоми солҳои 2020, 2021  ва шаш моҳи соли ҷорӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  72 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дода шудааст.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарифзода гуфт, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 34 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дода шудааст.

Гуфта шуд, ки аз  ин нақлиёт 5 адад ба ноҳияи Данғара,  3 адад ба шаҳри Кӯлоб, 2 адад ба шаҳри Норак ва якададӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Балҷувон, Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ш.Шоҳин, Муъминобод, Левакант, Н.Хусрав, Вахш, Ҷайҳун, Шаҳритус, Панҷ, Хурсон, Қубодиён ва  Беморхонаи килинкиии Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтару Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар ворид карда шудааст.

Номбурда иттилоъ дод, ки дар умум давоми ду солу шаш моҳи соли ҷорӣ ба вилояти Хатлон ҳамагӣ 72 нақлиёти ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар дода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь