Аз МИҲД-и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки бо мақсади такмил додани раванди дӯстӣ, беҳтар кардани муносибатҳои байниҳамдигарӣ, табодули таҷриба ва шинос шудан аз фарҳанги якдигар шуруъ аз 21 август дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон доир мегардад.
Меҳмонон шоми имрӯз, 20 август, вориди шаҳри Бохтар шуда, чорабинӣ аз пагоҳ оғоз мегардад.Ҳунармандон ва ҳайати ҳамроҳ аз Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути хатсайри Душанбе ба шаҳри Бохтар омада, аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии он дидан мекунанд.
Раванди гаштугузори онҳо аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар нақшабандӣ шуда, дар назар аст, ки ҳайати меҳмонон то рӯзи 23 август дар шаҳри Бохтар хоҳанд буд.
Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон як қатор барномаҳо дар назар дошта шудааст, ки сафари онҳоро хотирмон мегардонад.