Мавзеи Чилучорчашма, зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Шаҳритус, ки миёни мардум ҳамчун чилучор чашмаи шифобахш ном баровардааст, ин мавзеи дорои таърихи беш аз дуҳазорсола, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ таъмир мешавад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии раиси ноҳияи Шаҳритус иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки корҳои сохтмон дар атрофи Чилучорчашма ба анҷом расида, корҳои таъмир дар дохили он идома доранд.

Бояд гуфт, ки ба ин мавзеъ ҳамарӯза ҳазорҳо кас аз ҳама кунҷу канори Тоҷикистон ва хориҷ аз он омада, аз оби дармонбахши чашмаҳояш менӯшанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь