Бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон боздид ва шиносоии намояндагони воситаҳои ахбори омма аз фаъолият ва хизматрасониҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” ташкил ва баргузор гардид.
Нахуст раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” С. С. Икромӣ кулли рӯзноманигоронро ба Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” хуш омадед гуфта, барои ҳамкории дуҷониба ва судманд дар инъикоси фаъолияти бонки мардумӣ изҳори сипос кард.
Боздиди намояндагони ВАО аз фаъолияти Департаменти хазинадорӣ, Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ ва Маркази протсесингии низоми пардохти корти миллӣ оғоз гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамарӯза ба шумораи зиёди мизоҷони Бонк хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ, аз қабили кушодани пасандоз, барориши корт, пайваст намудани корт ба смс, паёмак ва барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва дигар намуди хизматрасониҳо расонида мешавад.
Зимни боздид аз Маркази протсесингии низоми пардохти корти миллӣ қайд гардид, ки дар ин марказ дар як руз барориши то 5-6 ҳазор корти плостикӣ имконпазир аст.
Сипас меҳмонон аз осорхона ва китобхонаи бонк дидан намуда, вобаста ба таърихи таъсисёбӣ ва дастовардҳои Амонатбонк дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, ки дар осорхона ба намоиш гузошта шуда буд, маълумот гирифтанд.
Дар охир дар толори маҷлисгоҳи бонк раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” вобаста ба натиҷаи фаъолияти бонк давоми соли 2021 ба иштирокдорон маълумоти мухтасар пешниҳод кард.
Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо барои вусъат додани ҳамкориҳо бо воситаҳои ахбори омма ва ба ин васила таблиғу ташвиқи хизматрасониҳои бонк дар миёни аҳолӣ назаррас арзёбӣ гардид.