Дар шаҳри Бохтар то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 17 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз беш аз 10 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд шудаанд.

Аз МИҲД-и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки Ҳукумати мамлакат  саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуданд, зеро рушди саноат барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 154 млн сомонӣ расидааст, ки ин баробари 105,7 фоизи ҳамин давраи соли гузашта ё худ 8,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар доираи 5 солаи рушди соҳаи саноат ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ шудаааст, то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони 3 адади онҳо дар соли 2024 пешбинӣ гардида, то имрӯз 2 корхона – ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагии “Малика” дар самти истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни дӯзандагӣ ва ҶДММ “Мустафо Бохтар” дар самти истеҳсоли хишти сементӣ ташкил гардид, ки аз ин ҳисоб 33 ҷойҳои нави корӣ фароҳам ва ба маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 438,7 ҳазор сомонӣ илова карда шуд.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар корхонаҳои дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь