Дар шаҳри Бохтар 53 муассиса дар соҳаи маориф фаъолият мекунанд, ки ҳамаи онҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, кумитаи падару модарон ва соҳибкорону шахсони саховатманд ба соли нави хониш пурра омода шудаанд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоста Абдуназарзода гуфт, ҳукумати шаҳри Бохтар ва маорифчиёни шаҳр ҳама талошҳои худро баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани соли нави таҳсили 2024-2025 равона карда, 24 муассисаи таълимӣ, 22 муассисаи томактабӣ, 5 литсей, як муасстсаи инноватсионӣ ва 1 гимназияро ба соли нави хониш омода карданд.
Ӯ гуфт, муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр ва шахсони саховатманду кумитаи падару модарон таъмир гардиданд.
Гуфтаҳои мудирро роҳбарони муассисаҳои таълимии №11, №10, №11 ва литсей давлатии “Ориёно”-и шаҳр тасдиқ карда, қайд карданд, ки муассисаҳояшон пурра ба соли нави хониш омода шудааст.
Шуҳрат Бозорзода, муовини сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки дар соли 2024 барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети шаҳр беш аз 2 милоону 349 ҳазор сомонӣ ва суратҳисоби махсуси муассисаҳои соҳа 1 миллиону 231 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 95 дарсади маблағҳо пардохт карда шудааст ва рузҳои наздик боқимонда маблағҳо ҷудо карда мешаванд.
Гуфта шуд, ки ҳамчунин барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби волидон 560 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.