Дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 аз ҷониби Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар, туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кулл ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд тақдим карда шуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳадяҳоро, ки аз маҷмӯи сарулибоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат буд, раиси шаҳри Бохтар ва дигар ҳайати ҳамроҳаш ба 100 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр дастрас намуданд.
Зимни тақдими туҳфаҳо раиси шаҳри Бохтар гуфт, ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешавад.
Хонандагон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо нисбати онҳо хушҳол гардида, ба Сарвари давлат ва Ҳукмати мамлакат миннатдории самимӣ изҳор намуданд.