Энтонӣ Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, Исроил розӣ шудааст, ки нирӯҳояшро аз навори Ғазза дар чаҳорчӯби созиш бо ҷунбиши фаластинии Ҳамос хориҷ кунад.

Вай дар Қатар, ки дар он ҷо музокирот барои бастани ин созишнома ҷараён дорад, суханронӣ кард. Миёнаравҳо ИМА, Миср ва Қатар мебошанд, зеро Исроил ва Ҳамос мустақиман музокирот намекунанд.

“Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ гуна ишғоли дарозмуддати навори Ғазза аз ҷониби Исроилро қабул намекунад. Аниқтараш, дар созишнома ҷадвал ва маконҳои хуруҷи нерӯҳо аз навори Ғазза хеле дақиқ муайян шудааст ва Исроил ба ин розӣ шудааст”, – гуфт Блинкен.

Вай инчунин қайд кард, ки талошҳои доимӣ барои расидан ба созиш “шояд беҳтарин ва охирин шонс” бошад. Вазири хориҷаи Амрико таъкид кард, ки Ҳамос бояд ин пешниҳодро бипазирад, аммо ҷузъиёти созишномаро ифшо накард.

Блинкен рӯзи 18-уми август дар остонаи музокироти қарибулвуқуи оташбас ва раҳоии гаравгонҳо дар навори Ғазза бо як сафар ба Исроил омадааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь