Дирӯз дар Душанбе беҳтаринҳо дар варзиши Точикистон эълом шуданд, ки дар қатори варзишгарон номи журналист Бобо Холмуродзода ҳам буд.

Маросим 24-уми декабр дар Кохи “Суруш”-и пойтахт баргузор гардид, ки ба беҳтаринҳо ҷоиза супорида шуд.

Беҳтарин варзишгари сол аз рӯи намудҳои олимпӣ – Баҳодур Усмонов (бокс)

Беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон – Сомон Маҳмадбеков (дзюдо)

Беҳтарин варзишгари сол миёни бонувон – Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук)

Беҳтарин варзишгари сол аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ – Сиёвуш Ибрагимов (таеквондо ITF)

Беҳтарин мураббии сол – Зайниддин Раҳимов (футбол)

Беҳтарин дастаи варзишии сол – дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17)

Беҳтарин довари сол – Абдулло Саидхоҷаев (гуштингирӣ, кураш, самбо, дзюдо)

Беҳтарин шаҳр/ноҳияи варзишии сол – шаҳри Душанбе

Беҳтарин Федератсияи миллии варзишӣ – Федератсияи футболи Тоҷикистон

Федератсияи миллии рӯ ба рушд:

– Федератсияи дзюдои Тоҷикистон;

– Федератсияи тенниси Тоҷикистон

Беҳтарин иншооти варзишии сол:

– Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ;

– Маҷмааи варзишии шаҳри Хуҷанд;

– Маҷмааи варзишии “Борбад”-и шаҳри Душанбе.

Беҳтарин мактаби варзишии сол – Муассисаи давлатии “Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб”

Беҳтарин ВАО-и варзишии сол:

– ТВ “Варзиш”

– АМИТ “Ховар”

Беҳтарин шореҳи варзишии сол – Бобо Холмуродзода.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь