Филмбардор ва аксбардори маъруф Заур Дахте пас аз як сонеҳаи нақлиётӣ, ки худаш мошинро идора мекардааст, дар роҳи Варзоб ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, дар мошини ӯ ҳамсар ва фарзандаш ҳам будаанд, ки онҳо зинда мондаанд. Мошин дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар минтақаи Варзоб, ба мошини боркаш бархӯрдааст.

Заур Рустамович Дахте соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Эрон зиндагӣ кардааст. Ӯ то синфи 6 дар мадрасае дар шаҳри Теҳрон таҳсил кардааст. Заур Дахте аз соли 1955 то соли 1958 дар парваришгоҳи байналмилалии Интердом шаҳри Ивановои Русия таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Баъд барои кор ба студияи «Тоҷикфилм» ба шаҳри Душанбе омадааст. Пас аз муддате ба Донишгоҳи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) пазируфта шуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш, ӯро ба унвони филмбардори студияи «Тоҷикфилм» мешинохтанд.

Дахте чун наворбардори филмҳои Абдураҳмони Ҷомӣ (1964), “Намоиш” (1976), “Мирзо Турсунзода-70” (1981), “Маликаи мо” (1983), “Вохӯриҳои моҳи сентябр” (1987) ва ғайраҳо машҳур аст.

Ҷанозаи Заур Дахте, фардо, 16-уми август ба хок супорида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь