Теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза ба 39 550 кас расид, хабар медиҳад Анадолу.

Ба гуфтаи вазорати тандурустии Фаластин, ҳамлаҳо ба ин минтақа рӯзи 302-юм боз қатъ нашудааст. Теъдоди афроди маҷруҳшуда дар ҳамлаҳои Исроил аз 7-уми октябри соли 2023 ба 91280 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 1-уми август зимни як сӯҳбати телефонӣ ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз ташдиди таниш дар Ховари Миёна ҳушдор додааст. Axios хабар медиҳад, ки Байден аз нахуствазири Исроил тақозо кардааст, ки ташдиди таниш дар минтақаро мутаваққиф кунад ва ба зудӣ музокирот дар бораи раҳоии гаравгонҳо дар навори Ғазза ва оташбасро оғоз кунад.

Нахуствазири Исроил, ки рӯзи 26-уми июл дар назди Конгресси Амрико суханронӣ мекард, хостори иттиҳоди ҷаҳонӣ алайҳи Эрон шуд ва аз фаъолони тарафдори Фаластин, ки алайҳи ҷанг дар навори Ғазза дар Вошингтон эътироз мекарданд, башиддат интиқод кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь