Чанде пеш дар вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Хуросон чоргоник, ду писар ва ду духтар, таваллуд карда буд, ки яке аз онҳо фавтидааст.

Сардухтури Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар Хушнуд Баҳодурзода имрӯз дар нишасти хабарии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон гуфт,  Миҷгона Асоева, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Бандари ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳия Хуросон рӯзи 14-уми январи соли ҷорӣ дар ин беморхона чоргоник таваллуд  карда буд.  Мутаассифона, яке аз чоргоникҳо, ки писар буд, фавтидааст.

Ӯ иттилоъ дод, ин зан ду писару ду духтар таваллуд кард, ки яке писаронаш бо вазни 1 кг 700 грам буд, фавтид ва  саломатии се кӯдаку модари онҳо хуб асту рӯзҳои наздик онҳо аз беморхона рухсат мешаванд.

Акс аз интернет

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь