Як сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рӯзи 14-уми январи соли ҷорӣ дар Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар  чоргоник таваллуд кардааст.

Як манбаъ аз беморхонаи мазкур ба “Фараж” хабар дод, зане, ки чоргоникҳоро ба дунё овардааст, Миҷгона Асоева, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Бандари ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳия Хуросон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин зан  ду писару ду духтар таваллуд кардааст, ки  ҳолати навзодон хуб  аст. Гуфта шуд, ки вазни кӯдакон низ мутобиқ ба ҳолати таваллуд буда, аз 1 кг 600 гр то 2 кг 100 гр мебошад.

Акс аз интернет

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Ин манбаъатон аз чӣ тарсидаст, ки номашро пинҳон доштааст? Бас кунед ҳамин хел хабарнависиро? Аз дигар ҷо копия мекунеду бе ифшои манбаъ менависед. Айб аст, айб. Наход назари сардухтур, ягон табиб, ақаллан дарбонро гирифта натонед?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь