Дороии шаҳрдори Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, як бӯстонсаро, ду хона ва як мошин будааст, ки ӯ бо ин дороӣ дар байни раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар зинаи аввал аст.

Саломзода Сиҷоуддин раиси шаҳри Бохтар, имрӯз дар нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигори “Фараж” оид ба дороиҳои худ чунин гуфт.

– Дороии ман саломатиам,  фарзандҳоям, тинҷиву оромии кишвар аст.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, дар шаҳри Душанбе хонаи истиқоматии баландошёна, дар ноҳияи Рӯдакӣ хонаи нотамом, дар Варзоб бӯстонсаро ва мошини хусусӣ дораду соҳиби ҳашт фарзанд аст.

Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Файзиддинзода Бунафша, ки чанд моҳ пеш ба ин мансаб таъйин гардида буд, дар нишасташ гуфт дороиаш танҳо як хона дар шаҳри Душанбе аст.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь