Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 21-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе, бахшида ба 35-умин солагарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту»-ро баргузор мекунад.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар дода, гуфтанд, ин ҷашнвора бо мақсади рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландғояи ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон баргузор мешавад.
Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии кишвар доир мегардад. Расми кушоди Фестивал-озмун 14 апрели соли 2025, соати 17:30 ва ҷамъбасти он 21 апрели соли 2025, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.
Дар Фестивал – озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2023-2024 рӯи саҳна омадаанд, дар театрҳои пойтахт намоиш дода мешаванд.
Фестивал – озмунро аз рӯи номинаҳои пешниҳодшуда, коршиносони соҳаи театр аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баҳогузорӣ мекунанд.