Зане дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо корд ба ошиқи худ ҳамла карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Гуфта мешавад, ки далели ин кори ӯ муноқиша будааст, аммо маълум нест, ки дар кадом хусус баҳсашон шудааст.

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур хабар додаанд, ки  сокини ҳамин ноҳия Талабов Ғафурҷон, соли таваллудаш 1999 бо ҷароҳатҳои буррандаву халанда ба ҳалокат расидааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, гумонбари ин ҷиноят дар муддати кутоҳ дастгир шудааст. Гуфта мешавад, гумонбари ин ҷиноят Савронбии Файзулло, соли таваллудаш 1993, ки бо марҳум Талабов Ғ. пештар ошноӣ пайдо кардаву бо ҳам муносибатҳои ошиқона доштаанд, будааст. Куштор дар пайи як муноқишаи байнашон ба вуқӯъ пайваста, зан дар хонаи истиқоматияш ду маротиба бо корди хоҷагӣ ба қисмати қафаси синаи марҳум мезанад, ки дар натиҷа охирон аз зарбаҳои гирифтааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар Прокуратураи ноҳияи Ҳамадонӣ нисбати Савронбии Файзулло бо аломатҳои ҷинояти моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь