Имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и шаҳри Панҷакент мухлисон, ҳаводорон ва хонандагони осори безаволи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳр ба маҳфил- озмуни Айнихонӣ, ки бо ибтикори шуъбаи маорифи шаҳр, баргузор шуд, ҷамъ омаданд.
Ҳайати ҳакамон қироати ашъори устодро шунида, саволҳо аз осору рӯзгори ӯро, ки ба иштирокчиён дода шуда буд, таҳлил намуда, баҳо доданд.
Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон,
Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон,
Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон,
Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён
Ту моро кофтӣ Устод,
Ту моро ёфтӣ Устод!
Зи амъоқи фаромӯшхонаҳои тираи таърих,
Зи хоке, ки шуда омоҷгоҳи тири бадхоҳон,
Чу абёти парешоне, ки монд аз Рӯдакӣ мерос,
Ту моро ҷамъ овардӣ зи ҳар маҷмӯаву девон,
Ту моро зинда гардондӣ,
Бо мо моро шиносондӣ.