Зимни сафари кории сарвазир Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Зарнисори ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ба истифода дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинобар сабаби зиёд шудани хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 эҳтиёҷ ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи мазкур ба миён омода буд.

Соли 2022 бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон (КАСА – 1000) сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ ва 2 утоқи корӣ бо ҷойи нишасти 200 нафар дар як баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар майдони 0,10 га оғоз гардида буд.

Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 моҳи августи соли 2024 пурра ба охир расида, дар он маблағи 3,3 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ барои 17402 ҷойи нишаст ва 8 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуда, ба хонандагон шароити мусоиди таълим таъмин карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь