Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳамкоронаш ҳайати дастаро барои омодагӣ ба бозӣ бо Филиппин дар доираи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 эълон кард.

Ҳаким Фузайлов ба ин вохӯрӣ 23 бозигарро даъват кардааст, ки инҳо 3 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳуҷумкунанда ҳастанд. Панҷ легионери тоҷик, ки дар клубҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, ба даста ҷалб шудаанд. Инҳо дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), муҳофизатгар Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), ниммуҳофизатгарҳо Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия) ва Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Ӯзбекистон), ҳуҷумкунанда Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия) мебошанд. Легионер Парвиз Умарбоев, ки дар дастаи «Локомотив» (Булғористон) бозӣ мекунад, бо далели доштани корҳои зард дар ин вохӯрӣ нест.

Ҳайти довароне, ки дар вохӯрии охирин даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи “F” дар бозии дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон хидмат мекунанд, маълум шуданд. Ин вохӯриро ҳайати доварон бо роҳбарии сардовар реферии 31-солаи FIFA Ҷарред Ҷиллетт (Австраплия) ҳакамӣ хоҳанд кард. Дар канорҳои майдон ба ӯ ҳамватанонаш Антон Шетинин ва Рйяк Марк Галлагер ёрӣ мерасонанд.

Ин бозӣ 27-уми март дар шаҳри Манил баргузор хоҳад шуд. Барои ба даври финалии Ҷоми Осиё-2109 роҳ ёфтан, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон зарур аст, ки дар ин бозӣ ғолиб ояд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Филиппин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олай», Қирғизстан), Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Шохрух Қирғизбоев («Барқчӣ»);

Ниммуҳофизатгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Ахмедов, Хуршед Бекназаров (ҳама аз «Хуҷанд»), Зоир Ҷӯрабоев (КМВА «Помир»), Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»);

Ниммуҳофизатгарон: Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия), Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Ӯзбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Нозим Бобоҷонов, Ромиш Ҷалилов (ҳама аз «Истиқлол»);

Ҳуҷумкунандаҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Дилшод Восиев, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»).

Сармураббӣ: Ҳаким Фузайлов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь