Як варзишгари 29-сола, қаҳрамонии ҷаҳон дар намуди самбо, дар шаҳри Тошканди Узбекистон кушта шудааст. Ин ҳодиса шаби 13-уми сентябр рух додааст ва мақомот як гумонбарро дар қатли Камолиддин Расулов боздошт кардаанд.

Прокуратураи генералии Узбекистон ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот, аз гумонбар танҳо Ш.Т, ном мебарад, аммо мегӯяд, ӯ варзишгар аст ва Расулов бо зарби корд кушта шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки гумонбар дар қатли Расулов шоми 13-уми сентябр, соати 21:30 дақиқа, ба Камолиддин Расулов тамос гирифта, шикоят кардааст, ки вазъи саломатиаш, пас аз истеъмоли витаминҳои «Humo Trop»-и тавсиякардаи ӯ, бад шудааст. “Он шом ду варзишгар бо ҳам вохӯрданд ва дар ин мулоқот Ш.Т. ба Камолиддин Расулов бо корд зарба задааст”.

Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шудааст ва тафтишоти пешакӣ сабабу омилҳои ҷиноятро муайян мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь