Мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) Тедрос Гебрейюс гуфт, ки “пандемияи навбатӣ ногузир аст ва танҳо масъалаи вақташ мондааст”.

«Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки пандемияи навбатӣ ногузир аст ва танҳо масъалаи вақташ мондааст. Мо инчунин аз таҷриба медонем, ки оқибатҳои манфии пандемияро тавассути илм ва мавқеи устувори сиёсӣ коҳиш додан мумкин аст”, гуфт раҳбари СҶТ.

Эътилофи навовариҳои омодагии эпидемия (CEPI) ва СҶТ аз кишварҳо даъват карданд, ки стратегияи васеътари тадқиқотро барои омодагӣ ба пандемияи навбатӣ таҳия кунанд.

Дар Саммити глобалии омодагӣ ба пандемия дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, Барномаи тадқиқоти эпидемиологии СҶТ гузоришеро пешниҳод кард, ки дар он олимон ва ҳукуматҳоро ба бархӯрди васеътар ба тадқиқот даъват мекунад.

Зиёда аз 200 олим аз беш аз 50 кишвар дар гузориш саҳм гузошта, маълумоти илмӣ ва далелҳоро дар бораи 28 оилаи вирусҳо, ки ҳамагӣ 1,652 патогенро дар бар мегиранд, баррасӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь