Дар натиҷаи 483 тафтишу санҷиш аз ҷониби мутахассисони Агентии мубориза бо коррупсия 247 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст.
Директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода, имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз маблағҳои ошкоршудаи зарар хароҷоти ғайриқонунии пулӣ 20 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф 40 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 74, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 6,3 миллион, талаби воситаҳои пулию молӣ 45 миллион, маблағи камҳисобшуда ва руйпӯшгардидаи андозу партохтҳои ҳатмӣ 62 миллион сомониро ташкил додаанд.
– Зарарҳои молиявии нисбатан калон асосан дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи вазорати маориф ва илм 30,4 миллион сомонӣ, ҶСК “Алюминийи тоҷик”-26,7 миллион, Агентии захираҳои моддии давлатӣ-15,7 миллион, ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмиллалии Кӯлоб”-10,1 миллион, ташкилоти корхонаҳои зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нав-6,6 миллион сомонӣ, зерсохторҳои Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик”-5,6 миллион, Бонки давлатии амонатгузории ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-5,1 миллион, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ-4,1 миллион, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм-2,8 миллион ва сохторҳои Кумитаи телевизион ва радио- 2,5 миллион сомонӣ ошкр карда шудааст, – гуфт директори Агентии мубориза бо коррупсияи Сулаймон Султонзода.
Султонзода, ҳамчунин, гуфт мутахассисони Агентӣ буҷетҳои маҳаллии шаҳру навоҳии кишварро ҳам тафтишу санҷиш карда, 62,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 97 дарсади онро барқарор кардаанд.
– Зарарҳои зиёди молиявӣ дар рафти тафтиши буҷетҳои маҳаллии вилоятҳои Суғд-10,4 миллион сомонӣ, Хатлон-3,2, шаҳрҳои Ҳисор 5,8 миллион, Хуҷанд 5,7, Конибодом 3,5, навоҳии Ёвон-4,5, Зафаробод-4,2 ва Рӯдакӣ-3,4 миллион сомонӣ ошкор карда шудааст, – иброз дошт Султонзода С.
Директори Агентӣ гуфт, новобаста аз ҷорӣ намудани хидматрасониҳои электронию ғайринақдии воситаҳои пулӣ, то ҳол дар баъзе соҳаҳои буҷетӣ шахсони масъули аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар аз беназоратии роҳбарони худ дар самти хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ истифода карда, ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ даст мезананд