Нашрияи “Иттилооти рӯз” менависад, волидайне, ки фарзандонашон аломатҳои шабеҳи бемории обилаи маймун доранд, ба пизишкон дар Кобул ва вилояти Пактиё муроҷиат кардаанд.

Тавре Спутник Афғонистон қайд мекунад, Вазорати тандурустии Толибон (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуъ) то ҳол ин маълумотро шарҳ надодааст.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) рӯзи 14-уми август ба далели афзоиши ҳодисаҳои хуруҷи обилаи маймун дар Африқо аз аввали соли ҷорӣ вазъияти изтирории байналмилалӣ эълон кард. Дар 12 кишвари Африқо беш аз 2,100 ҳолати тасдиқшуда ва 13 марг ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳанс Клуге, роҳбари Дафтари минтақавии аврупоии СҶБ гуфт, обилаи маймун мисли COVID-19 ба як пандемияи нав табдил нахоҳад шуд.

Дар соли 2022 дар Аврупо хуруҷи бемории обилаи маймун пайдо шуд, ки дар натиҷа дар 110 кишвар 87,000 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд ва 112 кас фавтиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь