Салимҷон Иномзода, сардабири боздоштшудаи саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон» дар Фейсбук, поёни ҳафтаи гузашта аз як боздоштгоҳи ВКД-и ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд  ба боздоштгоҳи “Тоштурма”-и воқеъ дар   ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд интиқол дода шудааст.

Дар ҳоле, ки мақомот то ҳол парвандаи Иномзодаро, ки аз рӯзи 5-уми июл дар ҳабс аст, расман шарҳ надодаанд, бар асоси як санади пулиси ноҳияи Мирзо Улуғбек, алайҳи Салим Иномзода бар асоси моддаи 244 иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз шудааст.

Ин банди қонун “истеҳсол, нигаҳдорӣ ва паҳн кардани маводи дорои хатар ба амният ва тартиботи ҷамъиятӣ”-ро пешбинӣ мекунад ва дар сурати гунаҳгор эълон шудани шахс, аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар робита бо таронае, ки зоҳиран атрофи он иттиҳоми Иномзода сохта шудааст, сарояндаи он – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев дар як сӯҳбати телефонии хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 15 июл изҳори таассуф кардааст ва изҳори умедворӣ намудааст, ки ба зудӣ “мушкили ӯ осон шавад”. Овозхони маъруф гуфтааст, ки дар бораи Самарқанду Бухоро таронаҳои зиёде сурудааст ва сухан дар бораи он суруде гап меравад, ки оҳанги гиламандӣ барои бастани мактабҳои тоҷикӣ ва поин рафтани мавқеи забону фарҳанги тоҷикӣ байни тоҷикзабонони ду вилояти сераҳолии Узбекистон меравад. Зимнан, Афзалшо Шодиев дар ин сӯҳбаташ гуфтааст, ки худаш бемонеа ба тӯю маросими шаҳрвандони Узбекистон рафта меояд ва чанде пеш дар чорабинии давлатии ин кишвар ҳам иштирок кардааст.

Гуруҳи “Тоҷикони Узбекистон” як гуруҳи фарҳангӣ дар Фейсбук аст ва асосан матолиби фарҳангӣ дар бораи тоҷикони Узбекистон ва ё робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон нашр мекунад, ки тақрибан 15 ҳазор узв дорад.

Мирзонабӣ Холиқзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь