Мирзозода А.М. аз 12 январи соли 2021 инҷониб дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Хуросон кор карда, дар як вақт раисии комиссия оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаи замини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияро ба уҳда дошта, бо маслиҳати пешакӣ бо раиси Ҷамоати деҳоти С.Айнии ин ноҳия Табаров А.М. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо дар ному насаби шаҳрванд Асоева М. парвандаи заминсозӣ дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мағозаро тартиб дода, бар ивази он дар ду ҳолат аз номбурда маблағи 85000 сомонӣ гирифта, бо истифода аз ваколати мансабӣ барои қабули қарори ғайриқонунии раиси ноҳия мусоидат намудаанд.
19 апрели соли 2024 нисбати Мирзозода А.М. ва Табаров А.М. бо моддаҳои 3381 қисми 2 бандҳои “а”, “в”, 247 қисми 4 банди “б”, 316 қисми 2 ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Аламов М.И,
прокурори калони бахши назорати иҷрои
қонунгузори замини прокуратураи вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 3