Чаро модар қотили худ ва ҷигарбандонаш мегардад?

 «Ман модари бачакушам, гунаҳкори азимам, намедонам дар охират чӣ ҷавоб мегуфта бошамТаги гапа наковед, аламом тоза мешаванд”.

Ин пора аз ҳикояи нависандаи маъруфи тоҷик Кароматулло Мирзоев “Модари бачакуш” мебошад, ки аз сарнавишти талхи як зани аламзадаи тоҷик ҳикоят мекунад. Барфи пирӣ кайҳо ба мӯйи кампири Зайнурабегим боридаву рухсораҳояш ба халтаи ожанг табдил ёфта бошанд ҳам, модар худро бахшида наметавонад, ки барои ҷамъоварии решаи алаф ба куҳ рафта, фарзандашро гум кард. Ҳарчанд аз он ҳодисаи мудҳиш солиёни зиёде гузаштааст, ҳарчанд замони қаҳтиву қиматӣ буд ва мардум ба ҷойи нон решаи алаф мехӯрданд, ҳарчанд дар марги писараш аслан ӯ ҳеҷ гуноҳе надорад, дар бадали 50 сол модар ҳатто як лаҳза ҳам ин фоҷиаро фаромӯш накарда, худро дар марги писараш гунаҳкор медонад, вале…

Чаро имрӯз дар замони сериву пурӣ иддае аз занони тоҷик даст ба амали нангини фарзандкушию худкушӣ мезананд?

Биёед, ба ин мавзӯъ танҳо аз равзани ҳаводиси як соли охир менигарем. 1-уми августи соли 2020 расонаҳои кишвар аз марги фоҷиавии як зани 36-солаи сокини деҳаи Навдии ноҳияи Рашт хабар доданд, ки худро бо се фарзанди ноболиғаш ба дарёи Сурхоб партофта, худкушӣ кардааст. Ҳамагӣ як моҳ пас, дар рӯзи истиқлолият боз як ҳодисаи нангини фарзандкушӣ дар Хатлон сар зада, зане бо исми Назокат дар ноҳияи Кӯшониён чаҳор писарашро бо дастони худаш бӯғӣ карда кушт.

Тозатарин ҳодисаи фарзандкушӣ ҳамагӣ дусе ҳафта пеш дар Панҷакент сар зада, ҷавонзане бо исми Шаҳло аввал фарзандонаш Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро дар боғ, дар шохаҳои дарахтон ба дор овехта, баъдан худкушӣ кардааст.

Кадом омилҳо боиси даст ба фарзандкушию худкушӣ задани занони тоҷик мегарданд?

Сари ин мавзӯи дарднок мо бо профессор Иброҳим Усмонов суҳбат оростем ва инак фишурдаи муҳовараамонро манзури шумо месозем.

 — Устод, солҳои 80-ум Телевизиони Тоҷикистон барномаи машҳуре дошт бо номи “Муҳаббат ва оила”. Дар ин барнома, ки муаллиф ва барандааш шумо будед, бештар мавзуҳои доғи рӯз, аз қабили худкушию худсӯзии занону духтарон мавриди таҳлил қарор мегирифтанд. Солҳои охир дар ҷомеаи мо ҳодисаҳои худкушӣ боз авҷ гирифта истодаанд

— Аслан худкушӣ зуҳуроти нав нест. Дар гузаштаи дури мо низ чунин воқеаҳо ба вуқуъ пайвастаанд. Масалан дар “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ бо худкушӣ вомехӯрем. Солҳои Шӯравӣ ҳам ин чиз аҳён-аҳён буд.

Мутаассифона, имрӯз ин падидаи ногувор боз авҷ гирифта истодааст. Бадбахтӣ дар он аст, ки муҳит — ҷомеа нисбати ин масъала бетафовут шуда истодааст. Пештар, вақте худкушӣ сар мезад, албатта валвала меангехт, ҳам дар иҷтимоъ, ҳам дар масҷид, ҳам дар маҳалла ва ҳам дар сатҳи мақомот. Ҳама дар ин бора гап мезаданд ва бо он оила суҳбат намуда, кӯшиш мекарданд сабабҳои ҳодисаро пайдо намоянд. Имрӯз ҳар кас бо мушкилоти худ банд аст. Вақте ба сари ин ё он оила мусибат меояд, худаш медонаду дарду доғаш. Албатта ин хеле бад аст.

— Солҳои охир ба худкушӣ боз як падидаи дигари нангин зам шудааст, ки ин фарзандкушӣ мебошад. Шумо ҳамчун як шахси ботаҷриба сабаби худ ва фарзандонашонро аз ҳаёт маҳрум сохтани бонувонро дар чӣ мебинед?

— Албатта омилҳо зиёданд ва ҳар як ҳодиса решаи худро дорад, вале сабабҳои умдае низ вуҷуд доранд, ки боиси сар задани чунин ҳаводис мегарданд. Сабаби аввал тафовут доштани моҳияти давлатдории мо ва назари баъзе сокинони кишвар мебошад. Давлатамон демократию дунявӣ бошад ҳам, ҷомеаи мо баъди ҳодисаҳои солҳои 1990 исломӣ шуда истодааст ва баъзеҳо зиндагии хонаводагии худро бо қонунҳои замони ғуломдорӣ пеш бурдан мехоҳанд. Зан барои ин тоифа ҳамсар, шахси баробарҳуқуқ не, балки мисли як каниз аст, ки бояд хизмати аҳли оиларо ба ҷо биёрад. Беқадрӣ дар назди шавҳару аҳли хонавода, муносибати беэҳтиромона ва зарбаҳои пай дар пайи равонӣ оҳиста-оҳиста занро ҷонбезор карда, боиси даст ба худкушию фарзандкушӣ заданаш мегардад.

— Аммо ислом ҳам худкуширо маҳкум мекунад

— Бадбахтӣ дар он аст, ки мардум аз худо наметарсанд, аз давлат наметарсанд, вале аз мулло метарсанд. Шахсе, ки сидқан аз худо метарсад, ҳаргиз ба каси дигар ҷабру зулм карда, ӯро ба худкушӣ намерасонад. Шахсе, ки аз худо метарсад, ҳаргиз одам намекушад, вале аз чаласоводу бесаводоне, ки исломро дастак кардаанд, ҳар чизро интизор шудан мумкин аст.

— Давлати мо давлати демократию дунявӣ аст ва занону духтарон таҳсил мекунанд, комилан бесавод нестанд. Чаро барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ талош накарда, роҳи халосиро дар худкушию фарзандкушӣ мебинанд?

— Маънавиёти ҷавонон паст аст. Таҳсилкарда бошанд ҳам, на ҳамаи ҷавонон, хоса духтарон аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд ва аз худ дифоъ карда метавонанд. Албатта дар ин ҷо то андозае гуноҳи мактаб ҳам ҳаст. Солҳои охир мактаб вазифаи тарбиявии худро ба таври бояду шояд иҷро накарда истодааст. Сатҳи таълим дар мактабҳо нисбатан беҳтар шудааст, аммо тарбия ҳанӯз мелангад.

— Чаро?

— Гумон мекунам як сабабаш кам будани музди меҳнати омӯзгорон аст. Вақте ки маош кам аст ва ба зиндагӣ намерасад, албатта шахс кӯшиш мекунад дар ду-се ҷо кор кунад ё манбаи дигари даромад ёбад. Вақте ки одам дар ду-се ҷо кор мекунад, ҳатто корҳои оддитаринро базӯр сар ба нӯг мекунад. Албатта дар чунин ҳолат барои тарбияи маънавӣ вақт намемонад. Дар қонунҳои мо дар бораи масъулияти падару модар ва мактаб дар тарбияи насли ҷавон бисёр гапҳои хуб гуфта шудааст, вале онҳое, ки масъули татбиқи ин қонунҳо ҳастанд, вазифаи худро аз таҳти дил иҷро намекунанд.

— Боз кадом омилҳо боиси сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш мегарданд?

— Сабаб ё омили сеюм мутобиқат накардани назари ду насл ба зиндагист. Ҷавонон мехоҳанд озод зиндагӣ кунанд, ба ҳокиму каниз табдил ёфтан намехоҳанд, аммо муҳити оила, муҳити деҳа, муҳити маҳале, ки зиндагӣ мекунанд, ба ин омода нест. Оила, маҳалла, муҳит қонунҳои нонавиштаи худро дорад ва ҷавонон маҷбур мешаванд, ки аз ин доира берун қадам нагузоранд. Дар чунин ҳолат яке аз ҳамсарон, маъмулан мард худро болотар гирифта, гапашро бо кадом роҳе, ки набошад, гузаронидан мехоҳад. Барои зан ин албатта тазъиқовар аст. Вақте ки орзуҳои ширини зан барбод мераванд ва мебинад, ки дар ин хона ӯ танҳо ҳамчун як каниз — хизматгор лозим аст, на ҳамчун зан, дӯст, шарики умр, рӯҳан азоб мекашад. Ин чиз эътирозро ба вуҷуд меорад ва агар иродаи зан сусттар бошад, оқибаташ албатта фоҷиа аст.

— Дузанагӣ ва хиёнат метавонад ба сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш оварда расонад?

— Ба назари ман чунин менамояд, ки солҳои охир нишондоди Конститутсияи Тоҷикистон дар бораи оила чандон риоя карда намешавад. Аз рӯйи қонун ду зан гирифтан мумкин нест, вале ба назари ман чунин метобад, ки шумораи мардони дузанаву сезана вақтҳои охир дар кишвари мо хеле зиёд шудааст. Ин сабаби низоъ ва ҷангу ҷанҷолҳои пайваста дар хонадон гашта, метавонад ба худкушию фарзандкушӣ бурда расонад. Зан метавонад барқасди шавҳар натанҳо худ, балки фарзандонашро низ аз ҳаёт маҳрум созад. Бисёрникоҳӣ мушкили хеле ҷиддӣ буда, мақомоти қудратӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, мактаб, ҷамоат, маҳалла, хулоса тамоми ҷомеа бояд ба муқобили он мубориза баранд, то пеши роҳи ин чиз гирифта шавад.

— Муҳоҷирати меҳнатӣ низ як андоза пойдевори оилаи тоҷикро солҳои охир сусттар кардааст

— Бале, ҳақ ба ҷониби шумост. Азбаски мо шаҳрвандони худро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда наметавонем, аксари ҷавонҳо занро мегиранду ба Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳо ба маркорӣ мераванд. Албатта зарурати рӯзгор онҳоро ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебарад, вале на ҳар мард метавонад муддати дуру дароз бе зан тоқат кунад. Қисми зиёди муҳоҷирон дар он ҷо зан мегиранд ва оҳиста-оҳиста оилаи худро қариб фаромӯш мекунанд. Албатта каму беш маблағ мефиристанд, вале зиндагӣ фақат ба хотири пул нест-ку! Табиист, ки зан бо ду-се кӯдаки хурдсол бе шавҳар сахт азоб мекашад. Зан як моҳ тоқат мекунад, як сол тоқат мекунад, панҷ сол тоқат мекунад, вале оқибат танҳоӣ ва ранҷу азобҳои зиндагӣ ба руҳияаш таъсири бад расонида, метавонад боиси сар задани ягон фоҷиа гардад. Зан ҳарчанд медонад, ки шавҳараш ба хотири пеш бурдани зиндагӣ рафтааст, мехоҳад, ки ӯро низ бо худ барад ё баргашта ояд ва дар канораш бошад ва вақте ба ин мақсади худ ноил гашта наметавонад, барқасди шавҳари бемеҳр худ ва фарзандонашро нобуд мекунад, то доғи ҷигарсӯзи фарзанд абадан дар дили мард боқӣ монда, то охири умр худро бахшида натавонад.

— Шумо дар оғози суҳбат қайд кардед, ки ҷомеа нисбати чунин фоҷиаҳо бетараф шуда истодааст. Сабаби ин бетарафиро дар чӣ мебинед?

— Иллаташ дар он аст, ки мардум аз чордевори зиндагии худ берун намебароянд. Дар шаҳр робитаи аҳли ҷомеа бо ҳамдигар беҳтар аст, вале онҳое, ки дар деҳот умр ба сар мебаранд, ба ғайр аз ба кор рафтану  бегоҳ ба хона баргаштан, дигар ягон машғулият надоранд. Дар маҳалҳо клуб нест, чойхона нест, китобхона нест. Ин чизҳо тақрибан аз байн рафтаанд. Имрӯз ягона ҷое, ки мардум мераванд, масҷид аст, ки фақат мардон мераванд. Пас чӣ гуна мардум ба ҳамдигар наздик шаванд? Беҳуда “меҳр дар чашм аст” намегӯянд, ҳамдилию ҳамдардӣ аз ҳамнишинӣ пайдо мешавад…

— Шумо мегӯед мардҳои моро зарурати пешбурди зиндагӣ ба муҳоҷират мебарад ва занҳои тоҷик бо кӯдакони хурдсолашон дар танҳоӣ азоб кашида, косаи сабрашон оқибат лабрез мегардад ва даст ба худкушӣ мезананд. Аммо чунин ҳодисаҳо баъзан дар оилаҳои сарватманд ҳам рӯй медиҳанд

— Мехоҳем ё не, ҷомеаи мо аллакай ба ду қишр тақсим шудааст — қишри бой ва қишри камбағал. Дар замони шӯравӣ ин хел тақсимот набуд. Тақрибан ҳама як хел зиндагӣ мекарданд. Ҳатто пулдорҳо имконияти лоф зада, каттагӣ кардан надоштанд, чунки кормандони мақомот бардошта мебурданд. Шукр, имрӯз касеро барои давлату сарваташ бардошта намебаранд, вале тақсим шудани ҷомеа ба бою камбағал эътирозро ба миён меорад. “Чаро фалонӣ ба занаш ҳар рӯз зару зевар мехараду шавҳари ман не? Чаро зани фалонӣ куртаҳои рангоранги қиматбаҳо мепӯшаду ман не? Чаро фарзандони фалонӣ ҳар рӯз гӯшту ҳасибу шоколад мехӯранду бачаҳои ман нони қоқ? Мо аз кӣ камем?”. Ин гуна қиёс карданҳо боиси сар задани норозигӣ ва ҷангу ҷанҷол дар оилаҳои камбағал мегардад, вале занҳое, ки ба хонумҳои сарватманд ҳасад мебаранд, ғофиланд, ки хонаи бой ҳам бе ҷанҷолу моҷаро нест. Мард, ки сарватманд шуд, пули бисёр ӯро осуда зистан намемонад. Мард, ки серпул шуд, маъшуқабозӣ мекунад, зани дуюму сеюм мегирад, боз сад нағмаи дигар мебарорад ва зан дар ин ҳолат чизе гуфта наметавонад, чунки агар эътироз кунад, марди бо пулу моли зиёд мағрур метавонад ӯро аз зиндагии серу пур маҳрум гардонад. Ҳамаи ин чизҳо албатта ба фоҷиаҳои ҷигарсӯз, аз қабили худкушӣ ва фарзандкушӣ бурда мерасонанд.

— Барои такрор нашудани чунин фоҷиаҳо чӣ бояд кард?

— Ба ғайр аз таъмини мардум бо ҷойи кор ва маоши арзанда, ки кори давлат аст, дигар ҳама чиз ба худи мо, ба аҳли ҷомеа вобастагӣ дорад. Тамоми мушкилоти дар боло номбаршударо ҷомеа дар ҳамдастӣ метавонад ҳал кунад. Махсусан нақши ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар пешгирии чунин ҳодисаҳо хеле бузург аст. Раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо бояд кӯшиш намоянд, ки бо мардум робитаи наздик дошта бошанд ва бо истифода аз нерӯи ақлии омӯзгорони ботаҷриба, табибони донишманд ва одамони намозхоне, ки ақлу фаросат доранд, дар байни халқ кор бурда, барои пешгирии чунин ҳодисаҳо талош варзанд. Пеш аз ҳама рӯҳияи мардумро тағйир додан лозим аст. Фаҳмонидан даркор, ки замона дигар шудааст ва набояд хусуру хушдоман, хоҳаршӯю додаршӯй ва дигар хешу табор ба зиндагии ҷавонон дахолат карда, бо айбҷӯиву зӯроварию хушунат ҷони келинро ба лабаш биёранд. Ба мардҳо фаҳмонидан лозим аст, ки кишвари мо давлати демократӣ буда, дузанагию сезанагӣ манъ аст. Ҷомеа дар маҷмуъ бояд дарк кунад, ки зан танҳо ба хотири таваллуд кардани фарзанд ва сомон додани кору бори хонаю хизмат кардан ба мард офарида нашудааст. Зан пеш аз оне, ки ҳамсари як мард ва модари чанд кӯдак бошад, инсон аст ва албатта дилаш меҳру муҳаббат меҷӯяд. Касе, на шавҳар, на падар, на хушдоман ва на каси дигар ҳақ надорад, ки ӯро таҳқир кунад, занад, озор диҳад, шаъну шарафашро паст занад. Агар ҳамаи омилҳое, ки дар боло номбар кардем, бартараф гашта, дар маҷмуъ муносибат ба зан тағйир ёбад, боварӣ дорам, ки оҳиста-оҳиста ин падидаи нохуш аз байн меравад.

— Васоити ахбори омма дар ин ҷода чӣ нақш бозида метавонанд?

— Мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо васоити ахбори омма аз шахсоне, ки худкушӣ кардаанд, қаҳрамон месозанд, ҳол он ки худкушӣ кардан қаҳрамонӣ не, сустиродагӣ аст. Ин бад аст, чунки ба афроди ақлашон ҳанӯз хом таъсири манфӣ мерасонад. “Фалонӣ барқасди шавҳараш худашро бо бачаҳояш кушт, милисаҳо шавҳари муштзӯрашро бардошта бурданд. Мардҳоро ҳамин хел ҷазо додан даркор” гуфта, ягон зани дигаре, ки ҳаёти талх дорад, метавонад ин амалро такрор кунад. Бинобар ин, матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма бояд дар инъикоси чунин мавзуҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Матбуот, агар ба ин мавзуъ даст мезанад, бояд ҳадафаш пайдо кардани сабабҳои ҳодиса ва нишон додани роҳҳои пешгирӣ аз чунин рӯйдодҳои нохуш бошад, на тасвири мӯ ба мӯи ҳолати худкушӣ ва қаҳрамон сохтан аз одамоне, ки худкушӣ кардаанд.

— Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво. Умедворам, ки аҳли ҷомеа баъди мутолиаи андешаҳои шумо нисбат ба мавзуи худкушию фарзандкушии занон бетараф намонда, сар ба ҷайби андеша мекашанд ва дар якҷоягӣ мо метавонем сарчашмаҳои ин иллатро бартараф намоем.

— Саломат бошед!

Ф. САТТОРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here